Маркази ахбори экологӣ
Тоҷикӣ      Русский      English
“Необходимо, чтобы мы продемонстрировали серьезное ,
отношение к вопросам охраны окружающей среды,
флоры и фауны, экологической ситуации и с этой целью
добились совершенствования законодательства этой области”.
Эмомали Рахмон
Меню
  • ГЛАВНАЯ
  • О КОМИТЕТЕ
  • ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ
  • МЕЖДУНАРОДНОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО
  • ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА
  • НОВОСТИ
  • ОБЪЯВЛЕНИЯ
  • Комитет охраны окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан

      Хабарҳо


    | 568 Вақти хониш:
    03.08.2022
    3 сентября Орхусским ресурсным центром Комитета по охране окружающей среды совместно...

    Натиҷабардорӣ аз аксияи “Тозагии атроф – гарави солимии инсонҳо” дар ноҳияи Варзоб                                                                                   


    3 сентябр аз тарафи Маркази захиравии Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Варзоб дар доираи моҳи экологӣ ва бахшида ба пешвози Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби кормандони ташкилоту идораҳои мухталиф ва устодону мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7,12 -и н. Варзоб ва волонтёрони Кумита дар ҳудуди деҳаҳои Шафтимиҷгон ва Варзобқалъа аксияи «Тозагии атроф – гарави солимии инсонҳо» баргузор гардид.

    Иштирокчиёни аксия партовҳои пластикиву банкаҳои фулузинро қад-қади шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҷамъоварӣ намуда, қитъаҳои ба онҳо вогузоршударо аз алафҳои бегона тоза ва бехи ниҳолҳои шинонидашударо обёрӣ намуданд.

    Дар саҳни ҳавлӣ ва даромадгоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии болозикр аз тарафи сардори Маркази Орхус Ҷамолиддин Яқубов доир ба ташаббусҳои обии Тоҷикистон ва моҳияти конвенсияи Орхус ба ҳозирин маълумот пешниҳод гардид. Муовини сардори раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои замин, муомилот бо партовҳо ва КФМУ Наимҷон Неъматзода марбут ба маводҳои пластикӣ, зарари онҳо ба муҳити зист ва иқдомҳои Кумита нисбат ба коҳиш додани маводҳои пластикӣ суханронӣ намуд.

    Барои дурусттар дарк намудани масъала, бахусус зарари маводҳои пластикӣ аз ҷониби волонтёрон варақаҳои иттилоотӣ “Зарари пластика ба муҳити зист ва саломатии инсонҳо” ба мактаббачагон тақсим карда шуд.

    Қобили зикр аст, ки баъд аз суханронии маърӯзачиён доир ба масъалаҳои матраҳшуда миёни иштирокчиён саволу ҷавоб, муҳокимаронӣ ва табодули назар сурат гирифт. Аз баргузор шудани чорабинии мазкур дар н. Варзоб чунин натиҷа бардоштан мумкин аст, ки сокинони ноҳия, омӯзгорони мактабҳои мазкур дар масъалаи муомилот бо партовҳо, бахусус партовҳои полиэтилениву пластикӣ бетаваҷҷуҳ нестанд.

    Дар аксияи “Тозагии атроф гарави саломатии инсонҳо” зиёда аз 80 нафар хонандагону омӯзгорони мактабҳои болозикр иштирок доштанд. Бояд гуфт, ки баргузор кардани чунин аксияҳо барои дар амал татбиқ намудани нақша чорабиниҳои Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 2025 мусоидат менамоянд. 

      20220903_090158.jpg 20220903_091615.jpg