Маркази ахбори экологӣ
Тоҷикӣ      Русский      English
“Необходимо, чтобы мы продемонстрировали серьезное ,
отношение к вопросам охраны окружающей среды,
флоры и фауны, экологической ситуации и с этой целью
добились совершенствования законодательства этой области”.
Эмомали Рахмон
Меню
  • ГЛАВНАЯ
  • О КОМИТЕТЕ
  • ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ
  • МЕЖДУНАРОДНОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО
  • ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА
  • НОВОСТИ
  • ОБЪЯВЛЕНИЯ
  • Комитет охраны окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан

      Хабарҳо


    | 584 Вақти хониш:
    06.09.2022
    6 сентября текущего года в большом зале Агентства метеорологии Комитета...

    Торжественное мероприятие, посвященное 31-й годовщине Государственной независимости Республики Таджикистан                                                                                   


    6 сентябри соли ҷорӣ дар толори муҳташами бинои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-солагии Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гашт. Дар чорабинии тантанавӣ, намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кормандону собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии экологӣ иштирок доштанд.

    Дар оғози чорабинӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Зарина бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозиринро ба ин санаи муқаддаси миллӣ табрику таҳният гуфтанд.

    Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи .Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат ҳозиринро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ шодбош гуфт. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об Судуров Саидисмон, сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ Тиллоева Гулрухсор, директори Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” Холзода Суҳроб мукофотҳои давлатӣ - медали “Хизмати шоиста” ва ба сардори шуъбаи Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Қосимова Гулбаҳор Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.

    Ҳамзамон, як қатор кормандон ва собиқадорони ҳифзи муҳити зист бо мукофтҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.

    Дар чорабинӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ, ки байни кормандони воситаҳои ахбори омма дар мавзуи “Пиряхҳои Тоҷикистон-сарчашмаи обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва омили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим” қаблан эълон гашта буд, буданд, диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд.

    Идомаи маҷлиси тантанавиро базми идона бо тараннуми сурудҳои ҷаззоб дар васфи Ватан ва Истиқлолият зиннат бахшид.

      IMG_7648.jpg IMG_7610.jpg IMG_7643.jpg