Маркази ахбори экологӣ
Тоҷикӣ      Русский      English
“Необходимо, чтобы мы продемонстрировали серьезное ,
отношение к вопросам охраны окружающей среды,
флоры и фауны, экологической ситуации и с этой целью
добились совершенствования законодательства этой области”.
Эмомали Рахмон
Меню
  • ГЛАВНАЯ
  • О КОМИТЕТЕ
  • ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ
  • МЕЖДУНАРОДНОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО
  • ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА
  • НОВОСТИ
  • ОБЪЯВЛЕНИЯ
  • Комитет охраны окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан

      Хабарҳо


    | 632 Вақти хониш:
    28.05.2022
    Ежемесячно с целью снижения выброса вредных...

    Операция «Чистый воздух» — один из способов предотвратить загрязнение воздуха                      

    изображение_viber_2022-05-26_16-06-33-164.jpg

    Ҳар моҳ, мунтазам дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад.

    Тибқи нақшаи пешбинигардида аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи вилоят чунин амалиёт ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ - дизелӣ, бензин ва гази моеъ дар кӯчаи марказии шаҳри Истаравшан баргузор гардид.

    Дар рафти амалиёти мазкур, ҳамагӣ 25 адад нақлиёти автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и шаҳр ирсол гардид.