| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинари бозомӯзӣ дар мавзуи «Зарари заҳрхимикатҳои аз истифода баромадашуда ба муҳити зист»
    Ахбор

    Семинари бозомӯзӣ дар мавзуи «Зарари заҳрхимикатҳои аз истифода баромадашуда ба муҳити зист»                 


                                              


    22 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари бозомӯзӣ дар мавзуи «Зарари заҳрхимикатҳои аз истифода баромадашуда ба муҳити зист» баргузор гардид. Семинари бозомӯзиро муовини сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Сайфуллоев Н. оғоз бахшида, чорабинии мазкурро дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумита ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили маълумотнокии ба хусус ҷавонон маънидод намуд.

    Сипас, аз ҷониби директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувории органикӣ»-и Кумита, Ҷураев Абдусалим мавзуи болозикр ба тарзи муфассал шарҳу маънидод карда шуд.

    Дар қисмати дигари семинари бозомӯзӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, саволдиҳандагон ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи мавриди назар аз ҷониби баромадкунанда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

    IMG_8530.jpg IMG_8531.jpg               


    Бозгашт