Баррасии масъалаҳо дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
22 майи соли ҷорӣ ҷаласаи назоратии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти мақомот ва марказу муассисаҳои тобеи он дар ҳафтаи аз 10 то 19 майи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи тартиби кори ҷаласа пас аз ироаи ҳисоботи таҳлилӣ аз тарафи сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. рафти иҷрои талаботи ҷорӣ, дигар ҳуҷҷатҳои идориро аз масъулони соҳавӣ пурсон шуд.
Дар ҷаласа масъалаи нишондиҳандаҳои самтҳои назоратӣ дар ин давра, таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, рафти назорати мактубу ҳуҷҷатҳои воридшуда ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таваҷҷуҳи муовини якуми раиси Кумита қарор дода шуд.
Пас аз натиҷагирию арзёбӣ гардидани масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, бо назардошти супоришҳои барои ҳафтаи равон додашуда ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул карда шуд.