Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 сентябри соли 2023 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона роҳбарияти Кумита, сардорон, дигар кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, марказу муассисаҳои зерсохторҳои Кумита ва меҳмонон иштирок намуданд.
Чорабиниро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оғоз намуда, кормандони мақомти соҳавиро ба солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Дар чорабинӣ меҳмонон Раҳмонова Адолат яке аз роҳбарони собиқадори мақомоти давлатӣ, профессор ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, публисист-журналист Азимов Аъзамҷон Холматович иштирок ва дар мавриди дастоварҳои гаронарзиши даврони Истиқлолият, таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
Сипас, дар вазъи тантанавӣ ба ду намояндаҳои корхонаҳои саноатии кишвар, ки фаъолияти онҳо барои беҳдошти муҳити зист, таъмини амнияти экологии аҳолӣ намунавӣ мебошанд ва бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич доранд, бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, ғолибони озмуни маводи беҳтарини телевизионӣ, радиоӣ ва матбуотӣ байни воситаҳои ахбори омма дар мавзуи “Лозарҳои Тоҷикистон-манбаи обҳои зулол ва асоси рушди иқтисоди “сабз””, ки қаблан аз ҷониби Кумита эълон гардида буд, дар чорабинии мазкур бо диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Қисмати дигари чорабиниро барномаи фарҳангӣ зиннатбахш буд, ки ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуда буд ва ҳунармандон бо сурудҳои ватандӯстонаи хеш хотири иштирокдоронро шод гардониданд.