| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    - татбиқи сиёсати ягона дар соҳаи назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи  ҳавои атмосфера дар ҷумҳурӣ.
    - иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор;
    - тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба Раиси Кумита пешниҳод намудани нақшаҳои кории солона, нимсола ва семоҳа;
    - омода ва пешниҳоди маълумот ва ҳисоботу гузоришҳо ба роҳбарияти Кумита;
    - тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита ба кормандони Шуъба ва назорати иҷрои онҳо;
    - бурдани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Дар бораи таъмини бехатарии экологии воситаҳои нақлиёт» ва дигар санадҳои меъёрии дахлдор аз тарафи субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияташон ба партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, новобаста аз шакли моликияташон ва тобеият ва инчунин шахсони воқеӣ.
    - танзими истифода ва ҳифзи оқилонаи ҳавои атмосфера дар ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.