- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Боздиди Раиси Кумита Шерализода Б. А. аз КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд

Зимни сафари корӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Фирдавс бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти Корхонаи давлатии коммуналии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Дар Муассисаи мазкур, ки ҳудуди он беш аз 8 гектарро ташкил медиҳад, як қатор корҳо ба иҷро расонида шуданд. Дар майдонҳои ҳудуди коргоҳ ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуда, парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд. Инчунин 4 адад гармхонаҳо бо парвариши гулҳои мавсимӣ фаъол мебошанд.

Ҳамзамон дар ин муассиса бунёди боз гармхонаҳои нав, мағозаи фурўши гулу кўчат ва нуқтаи маслиҳатдиҳӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Иловаи шарҳ