- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Шиносоии Раиси Кумита бо коргоҳи коркарди партовҳои маишӣ ва коммуналӣ дар шаҳри Конибодом

Зимни сафари кории Раиси Кумитаи ҳифзи мухити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ба вилояти Суғд аз коргоҳи коркарди партовҳои маишӣ ва коммуналӣ дар шаҳри Конибодом шиносоӣ пайдо намуданд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Кодиров И. дар назди партовгоҳи шаҳрӣ дар майдони 2 га сохта ба истифода дода шудааст. Самти асосии фаъолият ҷамъ ва ба намудҳо ҷудо намудани партовҳо буда, дар як рӯз ба ҳисоби миёна 23-30 тн партовҳо ба намудҳо ҷудо карда мешавад.

Роҳбарияти коргоҳ тасмим гирифтааст, ки фаъолияти худро дар оянда васеъ намуда, шумораи коргаронро зиёд ва як сехи нав барои коркарди хоку пасмондаҳои партов бо мақсади истифодаи онҳо дар соҳаи кишоварзӣ сохта ба истифода диҳад. 

Иловаи шарҳ