- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Баррасии масъалаҳо дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

29 март дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сохторҳои Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист, инчунин вазифагузориҳо барои ҳафтаи навбатӣ баррсӣ гашт.

Тибқи тартиби кори маҷлис пас аз ифтитоҳ ва масъалагузориҳои рӯзномаи он барои пешниҳоди ҳисоботи таҳлилӣ дар ҳафтаи аз 15 то 19 марти соли 2021 сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев А. ҳисобот дод.

Сипас, Раиси Кумита Шерализода Б. А. оид ба масъалаҳои дахлдори  фаъолияти соҳавӣ, аз ҷумла  самтҳои назорати давлатӣ, иҷрои саривақтии супоришу дастурҳо, Нақшаи чорабиниҳо, риояи қатъии интизоми меҳнат, ҷамъбасту натиҷагириҳои фаъолияти мақомоти соҳавӣ дар моҳи март ва семоҳаи якуми соли 2021 таваҷҷуҳи масъулони соҳавиро ҷалб намуд. Ҳамаи масъалаҳои марбут ба фаъолияти сохторҳо дар ҳузури Раиси Кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охир оид ба ҳамаи масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Иловаи шарҳ