- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал-2021» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал-2021» ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ бо ҷалби мактаббачагон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аксияи “Тозагии маҳал-2021” аз тарафи мутахассисони шуъба, гузаронида шуда истодааст.

Дар аксияи мазкур зиёда аз 200 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, ба миқдори 12м3 партовҳо ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи ноҳия интиқол дода шуданд.

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия барои тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тамоми чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Иловаи шарҳ