- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Ташкил ва баргузории аксияи «Тозагии соҳил-2021» дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  иттилоъ дод, ки санаи  27 марти соли равон дар ин  ноҳия аксияи «Тозагии соҳил-2021» гузаронида шуд.

Бинобар инттилои бахши мазкур  аксияи «Тозагии соҳил-2021»  дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, лаби дарёи Сурхоб ва маҳаллаҳои зист рӯи даст гирифта шуд. Дар чорабинӣ беш аз 40 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва сокинони маҳал фаъолона иштирок намуданд.  Дар натиҷа ба миқдори  2,7м3  партовҳои аз соҳили манбаъҳои обӣ бароварда ба партовгоҳи ноҳиявӣ интиқол дода шуд.   

Иловаи шарҳ