- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Баргузории амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Нуробод

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Нуробод дар асоси нақшаи кории бахши номбурда, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н. Нуробод амалиёти «Ҳавои тоза» гузарониданд.

Дар рафти баргузории амалиёт 19 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши таҳлилӣ ё аналитикӣ гузаронида шуда, дар онҳо миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.

Дар амалиёти мазкур нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунанда (гази СО)-ро ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.

Мақсад аз баргузории амалиётҳои мазкур ин кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, беҳбудии муҳити зист ва ҳифзи саломати аҳолӣ мебошад.

Иловаи шарҳ