- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Кабудизоркунӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷалби васеи аҳолии ноҳия дар кӯчаю маҳаллаҳои ноҳия маъракаи кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур бо ҷалби сокинони маҳаллӣ ба миқдори 110 адад гулу буттаҳои гуногуни ороишӣ шинонида шуд, ки ба намои ноҳия ҳусни дигар бахшид.

Шуъба тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ барои сарсабзу хуррам гардонидани маҳаллаҳои аҳолинишин ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тамоми чораҳои зарурӣ андешидад.

Иловаи шарҳ