- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Баргузории аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Фархор

Бо мақсади иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Фархор аксияи “Тозагии маҳал-2021” гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур намояндагони ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳия зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. Дар аксияи мазкур, ки тамоми кормандони идораву ташкилотҳои ва аҳолии маҳаллаҳо ҷалб гардида буданд, лотокҳо ва кӯчаҳоии марказии ноҳия аз партовҳои гуногун тоза гардид. Дар рафти аксия бо ҳаҷми 3 м3 партовҳо ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи ноҳиявӣ интиқол дода шуданд.

Чунин аксияҳо бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома хоҳад ёфт.

Иловаи шарҳ