- Хабарҳо

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 16 ноябри соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми сохторҳои Агентӣ фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамидов В.  М.-муовини директори Агентӣ маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, тамоми кормандонро  ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуд. Дар сухани табрикотӣ қайд карда шуд, ки рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Сипас Сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Агентӣ Изатуллозода А. баромад намуда, қайд намуд, ки бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Дар охири маҷлис ҳуқуқшиноси Агентӣ Миршамсов О. баромад намуда қайд кард, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Иловаи шарҳ