- Хабарҳо

Ба сӯзиши баргу хазон роҳ надиҳед

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар гузашта ва имрӯз низ яке аз шаҳрҳои сердарахт ва сарсабз дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҳамасола дар мавсими кабудизоркунӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ҳазорҳо бех дарахтони ороишӣ, сояафкан ва дарахтони буттагӣ шинонида мешавад. Дар мавсими имсолаи кабудизоркунӣ тибқи қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе зиёда аз 122947 бех дарахт шинонида шуд, ки айни ҳол 93 дарсади онҳо дар ҳолати сабзиш қарор доранд.

Ҳамасола бо фаро расидани фасли хазонрез ташвиши кормандони соҳаи коммуналӣ бештар мегардад.

Дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади дар ҷойҳои номуайян ҷамъоварӣ намудани баргу хазон, сари вақт набаровардани хазон ба партовгоҳ ва бо инобати роҳ надодан ба сӯзиши баргу хазон дар шаҳраку маҳаллаҳо дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чоҳҳо барои ҷойгир кардан ва компост намудани баргу хазон ташкил карда шуд. Тибқи андешаи мутахассисони соҳа яке аз роҳҳои асосии бартарафсозӣ ин мушкилот ҷамъоварии баргу хазон дар ҷойҳои мусоид буда, табдилдиҳии он ба компост мувофиқи мақсад мебошад. Зеро чунин усул аз як тараф сӯзиши баргу хазонро пешгирӣ намояд аз ҷониби дигар истифодаи компост ба гулу сабза ва дарахтон ҳамчун пору истифода хоҳад гардид.

Бо инобати пешгирӣ намудани ҳолатҳои сӯзонидани баргу хазон ва партовҳо аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ба корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашон, Раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, манзилию коммуналӣ, шӯрои маҳаллаҳо, шуъбаҳои маориф дастурҳои иҷроишашон ҳатмӣ дода шуд.

Гузашта аз ин, баҳри баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ ва огаҳии бештари муассисаҳои коммуналӣ ва шаҳрвандон ҷиҳати роҳ надодан ба сӯзиши баргу хазон суҳбату вохӯриҳо роҳандозӣ гардида, тавассути Телевизиони Душанбе ролики тарғиботӣ ҳамарӯза пахш шуда истодааст.

Таъкид менамоем, ки дар сурати роҳ додан ба сӯзонидани баргу хазон, ки хилофи талаботи моддаи 231 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, шахсони масъул ва мутасаддиён ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Пас, моро лозим меояд, ки ба қадри саломатии худу дигарон расем ва нагузорем, ки ҳавои атмосфераи пойтахт ғуборолуд гардад.

Пок нигоҳдории ҳифзи муҳити зист, ободу зебо ва сарсабзу шукуфон гардонидани он масъулияти шаҳрвандии мову шумост.

Иловаи шарҳ