- Хабарҳо

Фаъолияти нӯҳмоҳаи мақомот чамъбаст гардид

Санаи 3 октябр дар толори маркази бозомӯзӣ дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мавлодод Абдулқодир, намояндаи бахши кишоварзии МИҲД вилояти Суғд Пӯлотов Н., сардори раёсат Ҳакимзода А.Қ., муовини сардори раёсат, сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо тибқи даъват иштирок доштанд.

Дар ҷаласа маърӯзаи муовини сардори раёсат Абдумаликзода Б. дар бораи фаъолияти кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда шунида ва муҳокима карда шуд.

Дар охири ҷаласа қарори дахлдор бо назардошти пешниҳоду супоришҳои додашуда қабул гардид.

Иловаи шарҳ