- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

21 сентябри соли 2020  маҷлиси навбатии ҳарҳафтаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Тибқи масъалагузории рӯзномаи маҷлис оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Кумита ва зерсохтори он дар ҳафтаи аз 14 то 18 сентябри   соли 2020 ва масъалагузориҳо барои ҳафтаи оянда ҳисоботи сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев А. шунида шуд.

Пас аз он сардорони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Кумита ва сохторҳои зертобеъ дар ш. Душанбе, аз ҷумла шуъбаҳои назорати давлатӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, муассисаҳои илмӣ ва марказҳо дар самти фаъолияти якҳафтаинаашон  гузориш доданд.

Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҳисоботҳои масъулони соҳавиро хулосагирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани фаъолияти  самтҳои соҳавӣ  ба  масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Супориш дода шуд, ки барои ҷамъбасти сазовори семоҳаи сеюми соли ҳисоботӣ омодагии ҷиддӣ дида, ҳамаи сатҳҳо ба таври воқеӣ таҳлил карда шаванд.

Бо назардошти ҳамаи масъалаҳои баррасишуда, дастуру супоришҳо ва таклифу пешниҳодҳо, қарори дахлдори маҷлис қабул гардида,  барои корбарӣ ба масъулони соҳавӣ фиристода мешавад.

Иловаи шарҳ