Pupilla anzobica (Izzatullaev, 1970)
Қатори Геофилҳо. Geophila
Оилаи пупиллидҳо.Pupillidae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Фақат дар ҳудуди ағбаи Анзоби қаторкӯҳи Ҳисор вомехӯрад.
Муҳити сукунат
Муҳити хоси зисти пупиллаи анзобӣ дар баландиҳои 2200-3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Дар нишебиҳои хушки минтақаҳои субалпӣ ва алпӣ, дар байни сангрезаҳо, пӯсидаи растаниҳо ва решаи паттахорак, анбӯҳи зӯлзадаю паттахорак (болиштаки хирс) вомехӯрад.
Саршумор
Дар табиат хеле камёфт аст. Анқариб 250 фарди он маълум карда шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ
Мавҷудоти тухмзиндазо мебошад. Дар ҳар як пупилла аз 3 то 7 ҷанинро, ки садафакаш ниҳоят хурду 1-1, 5 маротиба тоб хӯрдааст, мушоҳида кардаанд.
Омилҳои маҳдудкунанда
Аз ҳад зиёд даравидани алаф, чаронидани чорво ва ҷамъоварии растаниҳои камёфти гулашон зебои баландкӯҳ сабабҳои асосиеанд, ки боиси камшуморӣ ва маҳдудии муҳити сукунати пупилла мешаванд. Он фақат дар қитъаҳои геоботаникӣ, ки атрофашон симтӯр кашида шудаанд, боқӣ мондааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ
Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Баҳисобгирии иловагӣ ва ҷустуҷӯи маҳалҳои нави сукунат зарур аст. Дар қитъаҳое, ки пупилла сукунат меёбад, чиндани гулро манъ кардан, дар назди қитъаҳои геоботаникӣ, ки девор гирифта шудаанд, чаронидани чорворо қатъиян ба зери назорат гирифтан ва барои пурзӯр намудани ҳифзи он парваришгоҳ барпо намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот: Иззатуллоев, 1970; Пазылов, Азимов, 2003.














