- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Вохӯрии раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноглу

3 июни соли ҷорӣ вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноглу баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои ташкилотҳои СММ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти тағйирёбии иқлим, ҳифз ва нигаҳдории пиряхҳо, гуногунии биологӣ, амалишавии лоиҳаҳо тавассути Фонди иқлими сабз, таҳияи барномаҳои соҳавӣ оид ба муҳити зист, инчунин масъалаи таъсис додани Фонди байналмилалии нигоҳдории пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раиси Кумита Шерализода Б. А. роҷеъ ба корҳои анҷомдодашуда ва вазифаҳои минбаъдаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, таваҷҷӯҳи намояндагони ташкилоти болозикрро ба амалӣ шудани чорабиниҳои банақшагирифташуда ҷалб намуд.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, тарафҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.

Иловаи шарҳ