| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон





    КОНВЕНСИЯИ БАЗЕЛ ОИД БА НАЗОРАТИ ИНТИҚОЛИ БАЙНИСАРҲАДИИ ПАРТОВҲОИ ХАТАРНОК ВА НОБУДСОЗИИ ОНҲО

         

    Ба       Конвенсияи Базел (оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва ва нобудсозии онҳо) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати ҶТ №279 аз 2 июни соли 2017 аъзо гардида, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2016, №437 «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Базел оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо» аъзошавӣ ба Конвенсияи Базел тасдиқ шудааст.    

    Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор дар соҳаи амалишавии Конвенсияи Базел муайян гардид.

    Баҳри иҷрои ўҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конвенсияи дар соли 2020 Кумита дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдор барои расидан ба ҳадафҳои Конвенсияи Базел дар сатҳи Миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ корҳои муайянеро амали намуд.

    Ҳамкориҳо бо котиботи Конвенсияи Базел дар самти баррасии масъалаҳо роҷеъ ба амалишавии конвенсия, ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ - техникӣ, ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои миллӣ, таъмини риояи талаботҳои Конвенсия, таҳким бахшидан ба ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолият байни Конвенсияҳои Базел, Роттердам ва Стокголм, баррасии лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) ва Конфронси тарафҳои Конвенсияҳои Базел ва Стокголм, идоракунии партовҳои ифлоскунандаҳои устувори органикӣ, муомилот бо партовҳои пластикӣ ва электронӣ ба роҳ монда шуд.

    Роҷеъ ба дастгирии молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии лоиҳаҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ, расонидани кумаки молиявӣ барои таҳияи Нақшаи амал оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ таклиф пешниҳод карда шуд.

    Ҷиҳати амалишавӣ ва иҷрои банди 9 Конвенсияи Базел бо қарори БК-14/15 Конфронси 14 – конвенсияи Базел Барномаи Кумитаи идоракунии фишангҳои мусоидат барои амалишавӣ ва риояи Конвенсияи Базел барои солҳои 2020-2021 қабул гардид, ки он мавриди амал қарор дода шудааст.

    Тибқи он аз кишварҳои тарафи Конвенсия хоҳиш карда шуд, ки як қатор чорабиниҳоеро, ки ба беҳдошти амалишавии Конвенсия ва риояи ўҳдадориҳои тарафҳо нигаронида шуда, махсусан пешгирии гардиши ғайриқонунии партовҳои хатарнок ва дигар партовҳо таҳия намуда, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалие, ки ваколати пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии онҳоро доранд (Шабакаи экологӣ оид ба риояи талаботи меъёрҳо нисбат ба гардиши ғайриқонунии партовҳои хатарнок (ENFORCE) амалӣ намоянд.

    Дар ҳамкорӣ бо Котиботи Конвенсияҳои Базел, Стокголм Роттердам   барои расонидани кўмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи амалишавии лоиҳаи «Таҳкими иқтидор дар самти иҷро ва тасдиқ намудани Конвенсияҳо оид ба идоракунии моддаҳои химиявӣ дар Тоҷикистон» пешниҳод гардида, маблағгузории он аз ҷониби ЮНЕП ба миқдори 172 ҳазор дол.ИМА тасдиқ карда шуд. Бо назардошти хуруҷи бемории пандемияи (COVID-19) амалишавии лоиҳа ба соли 2021 гузаронида шуда, дар аввали соли 2021 ба фаъолият шурӯъ мекунад.

    Тибқи дархости котиботи Конвенсия вобаста ба муомилот бо партовҳои пластикӣ ва электронӣ лоиҳа таҳия гардида, барои маблағгузорӣ пешниҳод карда шуд.

    Дар доираи амалишавии конвенсия масъалаи табодули маълумот оид ба идоракунии партовҳои хатарнок ва интиқоли он бо коршиносон ва мутахассисони Федератсияи Россия ба мувофиқа расида шуд.

    Дар раванди таҳияи Консепсияи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) барои давраи то соли 2025ба қисмати ҳамкориҳо дар соҳаи муҳити зист масъалаи табодули таҷриба дар самти муомилот бо партовҳои хатарнок ворид карда шуд.

    Ҳамоҳангсози Конвенсия дар ҷаласаи дувоздаҳуми Гурӯҳи кории кушодаи Конвенсияи Базел (OEWG-12), оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок тарики онлайн ҳамчун чораи истисноӣ дар партави бемории пандемияи давомдор (COVID-19), аз 1 то 3 сентябри 2020 баргузор гардид, иштирок намуд.

    Вобаста ба пешбурди мониторинги оқибатҳои истифодаи партовҳои хатарнок дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи педагогӣ ду семинари омўзишӣ баргузор карда шуда, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба роҳ монда шудааст.

    Маводҳо барои омода намудани ҳисоботи электронӣ вобаста ба амалишавии Конвенсияи Базел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба котиботи конвенсия ҷамъ овардашуда, то охири моҳи декабр ба котиботи Конвенсия пешниҳод карда мешавад.

    E-mail:
    info@tajnature.org