KОНВЕНСИЯ ОИД БА САВДОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАМУДҲОИ ҲАЙВОНОТИ ВАҲШӢ ВА НАБОТОТИ ЁБОИӢ ЗЕРИ ХАТАРИ НОБУДШАВӢ ҚАРОРДОШТА (СИТЕС)
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2015 №696 Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор бо Конвенсияи мазкур муайян гардидааст. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра аз тарафи мутахассисони Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои байналмилали мониторинг оид ба муайян намудани саршумори ҳайвонотҳое, ки ба замимаҳои Конвенсияи мазкур ворид шудаанд аз қабили бузи кӯҳии пармашох морхӯр, гӯсфанди кӯҳии Марко Поло (архар) ва гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) гузаронида шуда, шумораи бузи кӯҳии пармашох (морхур) – 4161 сар, гӯсфанди кӯҳии Марко Поло (архар)- 26483 сар ва гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) – 1615 сарро дар бар мегирад. Барои дар оянда зиёд намудани саршумори ҳайвонҳое, ки ба замимаҳои Конвенсия шомил шудаанд ташкил намудани парваришгоҳ (валер) барои парвариши гӯсфанди Севертсов дар ноҳияҳои Панҷакент ва Ашти вилояти Суғд, инчунин Марко Поло дар ноҳияҳои Шуғнон ва Мурғоб, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) дар ноҳияи Қубодиён ва бузи кӯҳии пармашох (морхӯр) дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, мурғи тазавр дар ноҳияи Данғара мавриди сохтмон қарор доранд. Баҳри зиёд намудани популятсияи дигар намуди ба иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон тобовар аз тарафи Кумита дар якҷоягӣ бо Асостсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон аз давлати Чехия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 72 сар гусфанди ёбоиӣ аврупоии “Муфлон” 5 сар оҳӯи холдор ба парваришгоҳи Хуталони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва 3000 сар мурғи тазарв дар парваришгоҳҳои Чорсада ва Лолазори ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сар дода шуд. Аз ин миқдор 500 сар мурғи тазарв аз ҳисоби маблағҳои Кумита харидорӣ карда шуда, ба парваришгоҳи Хуталон сар дода шуд. Масоҳати умумии парваришгоҳи «Хуталон»-и 6 ҳазор гектарро дар бар гирифта, дар он гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) 393 сар, бузи кӯҳии пармашох (морхур) 88 сар, оҳуи холдор 300 сар, хирси маллаи тиёншонӣ 8 сар ва 205 сар хукӣ ёбоӣ мавҷуд мебошад.