| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон





    Конвенсияи Орхус оид ба дастрас намудани иттилооти экологӣ, иштироки аҳли ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист.

    Конвенсияи Орхус дар Тоҷикистон тавассути Марказҳои Орхус дар минтақаҳои гуногуни кишвар амалӣ карда мешавад. Дар соли ҷорӣ аз тарафи Марказҳои Орхус лоиҳа бо номи “Сиёсат ва қонунгузории экологӣ” амалӣ гардонда шуд. Дар робита ба ин ҳар як Марказ тибқи нақшаи тасдиқнамудааш фаъолияташро амалӣ намуд. 

    Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо номи Маркази Орхуси ш. Душанбе шинохта шудааст, фаъолияти худро баҳри иҷрои принсипҳои Конвенсияи Орхус оид ба дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ ба роҳ мондааст.

    Доир ба фаъолияти Маркази Орхуси Кумита ҳамчунин маводҳо дар саҳифаҳои нашрияи “Инсон ва табиат”, инчунин сайтҳои интернетии www.tajnature.tj, www.environment.tj ва www.aarhus.tj ба табъ мерасанд. Дар шабакаи иҷтимоии фейсбук саҳифаи Марказҳои Орхуси Тоҷикистон аз моҳи октябр ифтитоҳ шуда, айни замон саҳифа фаъол аст.

    E-mail:
    info@tajnature.org