| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон





      КОНВЕНСИЯИ РАМСАР ДОИР МАВЗЕЪҲОИ ОБИЮ БОТЛОҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Рамсар доир ба мавзеҳои обию ботлоқиро соли 2001 ба имзо расонидааст. Дар Конвенсияи мавфҳуми мавзеҳои обию ботлоқӣ ботлоқзорҳо, торфзорҳо ё обанборҳои табиӣ ё сунъӣ, доимӣ ё муваққатӣ, истода ё равон, мавзеҳои назди соҳилӣ, обҳои шӯр ва аз ҷумла минтақаҳои баҳрие ба ҳисоб мераванд, ки умқи онҳо на зиёда аз шаш метро ташкил медиҳад. Мавзеҳои обиӣ ҳамчун макони зисти парандаҳои нодири сарҳадгузару фаромарзӣ муайян карда шудаанд.

    Ҳадафу вазифаҳои Конвенсия ин нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи тамоми мавзеҳои обию ботлоқӣ тавассути амалиётҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, ҳамчун саҳм дар рушди устувор ба ҳисб мераванд.

    Маркази милли барои амалигардонии нақшаи миллии фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори иҷроиши Конвенсияи Рамсар дар Тоҷикистон муайн гардидааст ва иҷроиши онро дар амал татбиқ менамояд.

    Дар соли 2020 дар самти иҷроиши Конвенсияи Рамсар доир ба мавзеҳои обию ботлоқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зерин амалӣ карда шудаанд.

    Тибқи дархости Котиботи Конвенсияи Рамсар дар маҳзани глобалии маълумотҳои Конвенсияи Рамсар (Ramsar Sites Information Systems) маъулумотҳо доир ба 5 мавзеҳои обию ботлоқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кули Қаракул, Рангкул, Шоркул, Зоркул, Бешаи палангон ва Обанбори Қайроқум, ки дар рӯйхати Конвенсия Рамсар ворид шудаанд, маълумотҳои навин таҳлил ва ворид карда шудаанд.

    Тибқи нақшаи кори қарорҳои Конфронси 13-уми тарфҳои Конвенсияи Рамсар, ки зиёда аз 25 қарору резолютсияро дар бар мегирад ҷамъоварӣ ва таҳлил гардида, барои ворид намудани бандҳои он дар Стратегияву барномаҳо и миллӣ, ҳисоботҳо ва таҳияи лоиҳаҳо истифода бурда мешаванд. Руйхати қарорҳои Конфронси тарафҳо замима мегардад.

    Нақшаи амалии Стратегии Конвенсияи Рамсар барои солҳои 2016-2024 таҳлил карда шуда, оид ба иҷроиши ҳадафҳо ва бандҳои нақшаи амал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳо омода карда шудаанд. Нақшаи амали стратегии Конвенсия аз 4 ҳадаф иборат буда, барои барҳам задани хавфу хатарҳо ва баррасии омилҳое, ки боиси аз даст рафтан ва таназзулёбии мавзеҳои обию ботлоқзорҳо мегарданд мебошанд.

    Ҳадафи 1: Фоидаҳои мавзеҳои обию ботлоқзор дар стратегияҳо ва нақшаҳои миллӣ / маҳаллӣ, ки ба соҳаҳои асосӣ ба монанди об, энергетика, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, туризм, шаҳрсозӣ, инфрасохтор, саноат, ҷангал, моҳидорӣ дар сатҳи миллӣ марбутанд, нишон дода шудаанд ва дар сатҳи маҳаллӣ амалӣ мешаванд.

    Ҳадафи 2. Истифодаи об ба эҳтиёҷоти экосистемаи ботлоқзорҳо барои иҷрои вазифаҳои худ ва расонидани хидматҳо дар сатҳи мувофиқ, аз ҷумла дар сатҳи ҳавзаҳо ё дар минтақаи соҳилӣ ҳассос.

    Ҳадафи 3. Сектори давлатӣ ва хусусӣ кӯшишҳои худро барои татбиқи принсипҳо ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи захираҳои об ва идоракунии ботлоқзорҳо зиёд мекунанд.

    Ҳадафи 4. Намудҳои бегонаи инвазивӣ ва роҳҳои ворид гардидани онҳо аз рӯи афзалиятҳо муайян ва тасниф карда мешаванд, намудҳои афзалиятноки бегона ба танзим дароварда ва ё нест карда мешаванд, чораҳои зарурӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд, то ин аз хатарҳо ҷилавгирӣ карда шавад.

    Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Конвенсия дар сатҳи миллӣ афзалиятҳо доир ба ҳифзу нигоҳдории мавзеҳои обию ботлоқӣ дар Стратегия миллӣ ва нақшаи амал доир ба нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ворид карда шуда, амалӣ карда мешаванд.

    E-mail:
    info@tajnature.org