Маркази ахбори экологӣ
Тоҷикӣ      Русский      English
“Необходимо, чтобы мы продемонстрировали серьезное ,
отношение к вопросам охраны окружающей среды,
флоры и фауны, экологической ситуации и с этой целью
добились совершенствования законодательства этой области”.
Эмомали Рахмон
Меню
  • ГЛАВНАЯ
  • О КОМИТЕТЕ
  • ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ
  • МЕЖДУНАРОДНОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО
  • ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА
  • НОВОСТИ
  • ОБЪЯВЛЕНИЯ
  • Комитет охраны окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан

      Хабарҳо


    | 814 Вақти хониш:
    17 июни соли 2021 дар толори Кумита, ҷаласаи онлайнӣ ҷиҳати имзои Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финляндия SYKE оид ба рушди мониторинги сатҳи болои об дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифати об ва ҳамкорӣ (марҳилаи 2) баргузор гардид.

    Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Институти муҳити зисти Финляндия

    17 июни соли 2021 дар толори Кумита, ҷаласаи онлайнӣ ҷиҳати имзои Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финляндия SYKE оид ба рушди мониторинги сатҳи болои об дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифати об ва ҳамкорӣ (марҳилаи 2) баргузор гардид.

    Дар вохӯрии онлайнӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, директори Агентии обуҳавошиносӣ Дӯстзода Д. ва дигар мутахассисон иштирок намуданд. Аз ҷониби Финляндия хонум Мария Лийвала сафири Вазорати корҳои хориҷии Финляндия  дар Осиёи Миёна, хонум Тиа Торнроос, директори Институти муҳити зисти Финляндия SYKE, хонум Катарина Бёрклоф, менеҷери лоиҳа ва дигар мутахассисон ширкат варзиданд.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. ва сафири Финляндия Мария Лийвала дар сухани ифтитоҳии  худ барои ҳамкориҳои дарозмуддат дар татбиқи марҳилаи якуми лоиҳаи мазкур изҳори қаноатмандӣ карданд.

    Дар ҷараёни мулоқот, Раиси Кумита Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финляндия SYKE рушди мониторинги обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифати об, марҳилаи II. -ро имзо намуд.

    Ҳадафи асосии лоиҳа тақвияти иқтидори мутахассисони лабораторияҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (озмоишгоҳи Маркази назорати таҳлилӣ, озмоишгоҳи обҳои рӯизаминии Агентии гидрометеорология ва лабораторияҳои минтақавӣ), ки мунтазам сифати обро таҳлил мекунанд, мебошад. Кор дар ин самт бояд бо назардошти стандартҳои байналмилалии мониторинги сифати обҳои рӯизаминӣ идома дода шавад.

    Ёддошт ва ҳуҷҷати лоиҳаи мавриди таваҷҷӯҳ қароргирифта барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа давраи солҳои 2021-2023-ро пешбинӣ намудааст. Лоиҳаи мазкур бо кӯмаки молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия амалӣ карда мешавад.