Маркази ахбори экологӣ
Тоҷикӣ      Русский      English
“Необходимо, чтобы мы продемонстрировали серьезное ,
отношение к вопросам охраны окружающей среды,
флоры и фауны, экологической ситуации и с этой целью
добились совершенствования законодательства этой области”.
Эмомали Рахмон
Меню
  • ГЛАВНАЯ
  • О КОМИТЕТЕ
  • ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ
  • МЕЖДУНАРОДНОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО
  • ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА
  • НОВОСТИ
  • ОБЪЯВЛЕНИЯ
  • Комитет охраны окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан

      Хабарҳо


    | 771 Вақти хониш:
    14 июни соли ҷорӣ маҷлиси навбатии ҳарҳафтаина дар назди муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А. М. оид ба фаъолияти як ҳафтаи сохторҳои мақомоти соҳавӣ баргузор гардид.

    Маҷлиси навбатии ҳарҳафтаина дар назди муовини Раиси Кумита

    14 июни соли ҷорӣ маҷлиси навбатии  ҳарҳафтаина дар назди муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А. М.  оид ба фаъолияти як ҳафтаи сохторҳои мақомоти соҳавӣ баргузор гардид.

    Оид ба масълаи рӯзномаи маҷлис сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Маҳмадуллозода Хусрав ҳисобот дод.

    Пас аз шунидани маърӯзаи  ҳисоботи таҳлилии Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ муовини раиси Кумита  Мавлодод А. М.  бо назардоши натиҷаҳои фаъолият  ва камбудиҳои ҷойдошата ба масъулини сохторҳо супоришҳои мушаххас дод. Қайд гардид, ки самтҳои назоратӣ минбаъд мувофиқи қолаби навтарин ва мукаммали ҷадвали ҳисоботсупорӣ таҳлил карда шаванд. Ҳангоми гузаронидани таҳлил сабаби камфаъолиятии ин ё он шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо ба таври аниқ ва воқеӣ нишон дода шавад. 

    Дар ҷараёни баргузории маҷлис масъалаҳои ҷойдоштаи дигари соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо назардошти фикру ақидаҳо, такливу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.