| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Забони модарӣ - асоси ҳувияту худшиносии миллӣ
    Ахбор

    Забони модарӣ - асоси ҳувияту худшиносии миллӣ

    Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ бо иштироки кормандон ва устоди коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Тоҷибоева М. баргузор гардид.

    Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо суханони ифтитоҳӣ баромад намуда, кормандонро бо санаи таърихӣ муборакбод кард. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар 30 соли соҳибистиқлолӣ татбиқи сиёсати давлатии забон  рушд ёфта, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид.   

    Намояндаи коллеҷи омузгорӣ Тоҷибоева М. ҷиҳати татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 қабул гардидааст, маълумоти муфассал дод.

    Нотиқон баён доштанд, ки забони тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва ойинаи ибратбахши рӯзгори мардуми тоҷик аст ва онро бояд ҳамеша ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.
    Бозгашт