| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо дар маркази виляти Суғд
    Ахбор

    Ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо дар маркази виляти Суғд

    Тибқи амри раиси вилоят «Дар бораи гузаронидани ярмарка – фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо», санаҳои 26 ва 27 феврали соли ҷорӣ ярмарка - фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо дар саҳни театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

    Аз ҷониби шахсони масъули Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани намоиш ва ярмаркаи мазкур корбарӣ амалӣ гардид. Дар ярмаркаи мазкур аз тарафи сохторҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ ва аҳолӣ, ҳамагӣ 1,02 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳо ба боғпарварону сокинони вилоят пешниҳод карда шуд. Дар чорабинӣ сарраёсат ва зерсохторҳои он аз шаҳру ноҳияҳо фаъолона иштирок намуда, ба аҳолӣ ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабз ва сояафкан пешниҳод намуданд.


    Бозгашт