| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохурии раиси Кумита Шерализода Б. А. бо коршиноси байналмилалии  Ташкилоти умумиҷаҳонии ЮНЕСКО Алексей Буторинг
    Ахбор

    Вохурии раиси Кумита Шерализода Б. А. бо коршиноси байналмилалии  Ташкилоти умумиҷаҳонии ЮНЕСКО Алексей Буторинг

    Ҳафтаи равон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бо коршиноси байналмилалии  Ташкилоти умумиҷаҳонии ЮНЕСКО Алексей Буторинг вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ масъалаи омода ва ворид намудани номинатсияи Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» ба рӯйхати мероси умумиҷахонии ЮНЕСКО мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Вобаста ба масъалаи мавриди назар Алексей Буторинг оид ба талаботҳои омоданамоии номинатсия, тибқи тартиби муқарраргардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор ба раиси Кумита маълумот дод. Оид ба ҳамаи масъалаҳои бамиёнгузошта ҳусни тафаҳум сурат гирифта, изҳорӣ боварӣ карда шуд, ки номинатсияи Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» дар сатҳи касбӣ омода мегардад ва ба Дафтари мероси умумиҷахонии ЮНЕСКО ба шаҳри Парижи Франсия дар наздиктарин муҳлат ирсол карда мешавад.

    Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои баррасигардида ба мувофиқа расиданд.  


    Бозгашт