| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохўрии роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зисти  кишварҳои Осиёи Марказӣ
    Ахбор

    Вохўрии роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ

    16 сентябри соли равон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар вохўрии роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Фиристодаи махсуси Президенти ИМА Ҷон Керрӣ дар доираи муколамаи С 5+1, ки дар шаклӣ маҷозӣ баргузор гашт, иштирок намуд.

    Тибқи рўзнома дар вохўрӣ масъалаҳо роҷеъ ба тағйирёбии иқлим, тавсеа бахшидани ҳамкориҳо оид ба беҳтар намудани сифати об, талошҳои минтақавӣ ба хотири беҳтар кардани вазъ дар минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ номусоиди Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳавзаи баҳри Арал, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. роҷеъ ба корҳои анҷомдодашуда дар самти тағйирёбии иқлим суханронӣ намуда, инчунин таваљљуҳи иштирокчиёни вохўриро ба амалӣ шудани чорабиниҳо барои беҳтар кардани вазъ дар минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ номусоиди Осиёи Марказӣ ҷалб намуда, омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуд.

    Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, тарафҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.

    
    Бозгашт