| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ноиби президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ
    Ахбор

    Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ноиби президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ

    Дар ҳошияи Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, дар шаҳри Глазгои Шотландия, санаи 5 ноябр вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода  Б. А. бо ноиби президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ҷаноби Донал Браун баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо бо маблағгузории Фонди мазкур дар Тоҷикистон амалишаванда, инчунин таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ бо ҷалби маблағҳои Фонд ва дигар масъалаҳои ҳамкориҳои судманд мавриди муҳокима қарор дода шуд.

    Раиси Кумита оид ба ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҳамчун мақоми миллӣ оид ба масъалаҳои Фонди иқлими сабз бо IFAD изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки айни замон лоиҳаи нави аз ҷониби IFAD дар ҳамкорӣ бо Кумита дар самти дастгирии соҳаи кишоварзӣ бо назардошти масъалаҳои иқлим таҳиягардида, дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад. Инчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки раванди мувофиқакунонии он дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба анҷом расонида мешавад. Лоиҳаи нав бо ҷалби маблағҳои IFAD ва Фонди иқлими сабз аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ карда мешавад.

    Раиси Кумита Фонди байналмилалии рушди кишоварзиро барои иштироки фаъолона дар раванди амалӣ намудани саҳми тахминии дар сатҳи миллӣ муайянгардида (NDC) оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонагӣ дар Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки моҳи октябри соли равон таҳия ва қабул гардид, даъват намуданд.

    Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар самти масъалаҳои муҳокимагардида ба мувофиқа расиданд.


    Бозгашт