| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ
    Ахбор

    Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ

    Санаи 10 декабри соли ҷорӣ вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сардори намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Олег Гучгелдиев оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба лоиҳаҳои амалишаванда дар самти ифлоскунандаҳои доимии органикӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ барои мутобиқшавӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва идоракунии обҳои фаромарзӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Инчунин масъалаҳои дар якҷоягӣ роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои нав дар самти ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, амалисозии харитаи роҳи саҳми дар сатҳи миллӣ майяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чопи маводҳо ва нақшаи амал дар соли 2022 муҳокима гардид.


    
    Бозгашт