| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯрии раиси Кумита Шерализода Б. А. бо намояндагони ташкилоти Швейтсарии CARITAS
    Ахбор

    Вохӯрии раиси Кумита Шерализода Б. А. бо намояндагони ташкилоти Швейтсарии CARITAS

    16 марти соли 2022 вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо намояндагони ташкилоти Шветсарии CARITAS баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои омодасозӣ ва татбиқи лоиҳаи «Идоракунии обу ҳаво, об ва иқлим», ки аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ татбиқ ва аз ҷониби Агентии Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ карда мешавад, баррасӣ гардид.

    Зимни вохӯрӣ раиси Кумита Шерализода Б. А. ва директори Агентии обуҳавошиносӣ қайд намуданд, ки масъалаҳои техникии лоиҳаи мавриди назар барои таъмини устуворӣ пас аз анҷом расониданаш, муфассал мавриди  омӯзиш қарор дода шавад. Инчунин зарурати муайян намудани минтақаҳое, ки лоиҳаи мазкур дар он ҷо самаранок татбиқ мегардад, мувофиқи мақсад шуморида шуд.

    Ҳамчунин, масъалаҳои омодасозии Ёддошти ҳамкорӣ байни ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

     


    Бозгашт