| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯрии раиси Кумита Шерализода Б. А. бо директори генералии ҶСП “Шивер Тоҷикистон” Филипп Марсийон
    Ахбор

    Вохӯрии раиси Кумита Шерализода Б. А. бо директори генералии ҶСП “Шивер Тоҷикистон” Филипп Марсийон

    7 декабри соли 2021 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Амадҷон бо директори генералии ҶСП “Шивер Тоҷикистон” ҷаноби Филипп Марсийон вохӯрӣ намуд.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои лоиҳаи инкишофи устуворонаи коҳиш додани истифодаи халтаҳои пластикӣ ва гузаронидани аксияи экологии зидди истифодабарии молҳои пластикӣ дар марказҳои калони савдо, ки соли ҷорӣ сурат гирифтанд, инчунин тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба дар оянда мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шуданд.

    Дар рафти вохӯрӣ ҷаноби Филипп Марсийон қайд кард, ки ширкати мазкур барои коҳиш додани истифодаи халтаҳои пластикӣ 26 ноября соли ҷорӣ дар маркази савдои “Ашан” аксияи калони зидди истифодабарии молҳои пластикӣ гузаронида, ба мизоҷон ба ҷойи борхалтаҳои пластикӣ борхалтаҳои латтагӣ дода шуданд. Ширкат иқдом гирифтааст, ки минбаъд ҳам барои коҳиш додани истифодабарии борхалтаҳои пластикӣ дар марказҳои савдо чунин аксияҳоро гузаронад.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. иброз дошт, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи давра ба давра то соли 2022 даст кашидан аз истеҳсол, воридот ва истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилении ғафсиаш то 15 микрон пешниҳод ирсол гардида буд.

    Вобаста ба иҷрои супориши болозикр, тибқи тартиби муқарраргардида бо фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуда, масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

    Вохӯрӣ дар сатҳи тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳои оид ба масъалаҳои мавриди назар ба мувофиқа расиданд.


    Бозгашт