| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



     Вохӯрии Раиси Кумита бо намояндаи минтақавии Барномаи СММ
    Ахбор

    Вохӯрии Раиси Кумита бо намояндаи минтақавии Барномаи СММ

    Санаи 22 декабри соли ҷорӣ вохӯрии маҷозии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо мудири минтақавии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар Аврупо ҷаноби Бруно Потси оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба лоиҳаҳои амалишаванда дар самти тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ, партовҳо ва такмили иқтидор мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

    Ҳамчунин дар ҷараёни музокирот аз ҷониби Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати иштироки Кумита дар чорабиниҳои Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва ҷашни 50 солагии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист, ки дар Найробӣ охири моҳи феврали соли 2022 баргузор мегардад, даъват намуда, маълумот доданд, ки мактуби расмӣ дар муҳлатҳои наздиктарин оид ба масъалаҳои мазкур ирсол мегардад.

    Дар вохӯрӣ мудири минтақавии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар Аврупо нақши муҳими Тоҷикистонро дар амалисозии чорабиниҳои глобалӣ дар масъалаҳои муҳити зист ва тағйирёбии иқлим қайд намуда, иброз доштанд, ки зарур аст ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самтҳо тақвият бахшанд.

    Бозгашт