| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯрии раиси Кумита бо ҳайати намояндагии Бонки Умумиҷаҳонӣ
    Ахбор

    Вохӯрии раиси Кумита бо ҳайати намояндагии Бонки Умумиҷаҳонӣ

    Санаи 24 ноябри соли ҷорӣ вохӯрии раиси Кумита бо ҳайати мутахассисони Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи нави грантӣ дар мавзуи “Таъмини устувории ландшафтҳо ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба таври маҷозӣ баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ чорабиниҳои дар доираи лоиҳаи мазкур пешбинишуда ва қадамҳои минбаъда муҳокима гардиданд.

    Тибқи пешнависи лоиҳаи нав, татбиқи як қатор чорабиниҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла    баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ тавассути амалӣ намудани чорабиниҳои гуногун бо назардошти масъалаҳои тағйирёбии иқлим, инчунин  бунёди ҷангалзорҳо ва иҷрои корҳои вобаста ба барқароркунии ландшафт дар ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ва паркҳои миллӣ ва монанди инҳо.

    Дар сурати аз ҷониби шӯрои идоракунандагони Бонки Ҷаҳонӣ тасдиқ гардидани лоиҳаи мазкур, оғози татбиқи лоиҳа дар нимсолаи дуюми соли 2022 пешбинӣ шудааст.


    Бозгашт