| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят
    Ахбор

    Вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят

    Санаи 16 феврали соли равон бо мақсади фаҳмонидани моҳият ва таъмини иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қодирҷонзода А.Қ. бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баргузор гардид.

    Намояндаи Раёсати Агентӣ зимни баромади худ оиди моҳият, самтҳои асосӣ ва амалисозии нақшаи чорабиниҳои стратегия, пешгирии амалҳои характери коррупсионидошта дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, таъсири он ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикорупсионии аҳолӣ сухан намуда, қайд кард, ки хизматчиёни давлатӣ бояд дар чорчӯбаи қонунгузорӣ фаъолият намуда, таъмини иҷрои стратегияи мазкур тибқи талаботҳои қонунҳои амалкунанда ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

    Дар интиҳои вохӯрӣ кормандони Сарраёсат оид ба масъалаҳои гуногуни вобаста ба масъалаи баррасишаванда саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

     



    Бозгашт