| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    ВОХӮРИИ МУТАХАССИСОНИ КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ БО НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТИ МУҲИТИ ЗИСТИ ФИНЛАНДИЯ (SYKE)
    Ахбор

    ВОХӮРИИ МУТАХАССИСОНИ КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ БО НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТИ МУҲИТИ ЗИСТИ ФИНЛАНДИЯ (SYKE)                

    20221121_103105.jpg

    Дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финландия (SYKE) оид ба лоиҳаи «Рушди мониторинги обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифат ва ҳамкорӣ» рӯзи 21 ноябр дар Институти муҳити зисти Финландия воқеъ дар шаҳри Хелсинки вохӯрии мутахассисони тоҷику финӣ барои табодули таҷриба ва баррасии масоили марбут ба мониторинги обҳои рӯизаминӣ баргузор шуд.

    Зимни вохӯрӣ муовини якуми  раиси Кумита Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ба коршиносони Институти муҳити зисти Финландия (SYKE) дар бораи фаъолияти Кумита дар самти амалигардонии сиёсати экологӣ ва ҳамкории байналмилалӣ маълумот дод.

    Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи финландиҳо дар назар аст, ки мутахассисони Кумита бо системаи идоракунии маркази лабораторияи SYKE шинос мешаванд.

    Рӯзи 25 ноябр баргузории ҷаласаи Шӯрои лоиҳа дар назар аст, ки дар он аз фаъолияти соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуда, инчунин нақшаи фаъолият барои соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.


    Бозгашт