| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯрии муовини раиси Кумита бо намояндаи Дафтари кластерии ЮНЕСКО оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Кристина Товмасян
    Хабар

    Вохӯрии муовини раиси Кумита бо намояндаи Дафтари кластерии ЮНЕСКО оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Кристина Товмасян                    

    IMG_3713.jpg

    31 майи соли 2022 муовини раиси Кумита Мавлодод А. М. ба намояндагони ЮНЕСКО барои дастгирӣ дар таҳияи пешниҳоди мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” ҷиҳати шомил намудан ба Феҳристи мероси табиии ЮНЕСКО изҳори сипос намуда, қайд кард, яке аз барномаи гуногунҷанба ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера» мебошад.

    Ҳамзамон муовини раиси Кумита номгӯи мамнӯъгоҳи биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнӯъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО-ро ёдрас шуд.

    Бо дарназардошти он, ки ҳудудҳои миллии муҳофизатшаванда, ки ба Шабакаи ҷаҳонии мамнӯъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд, аҳамияти байналмилалӣ доранд.

    Самти дигари ин Барнома рушди геопаркҳо дар Тоҷикистон аст. Тавре маълум аст, 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд.

    Хонум Кристина Товмасян омодагии ЮНЕСКО-ро барои мусоидат дар татбиқи нақшаҳои Кумита дар чаҳорчӯби Барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера» тасдиқ кард.


    Бозгашт