Вохӯрии иттилоотӣ дар ҷамоати деҳоти Роҳатии н. Рӯдакӣ
21 июл бо ташаббуси Маркази Орхуси Кумита дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Олима” дар ҷамоати Роҳатии н. Рӯдакӣ дар доираи амалигардонии “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иттилоот оид ба экология, тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ бо фаъолони ҷамоат вохӯрии иттилоотӣ дар мавзӯи “Пешбурди бандҳои Конвенсияи Орхус ва рушди “Иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Пас аз суханони ифтитоҳии раиси ҷамоати мазкур Забиров С. сардори Маркази Орхуси Кумита Ҷ.Яқубов ба ҳозирин дар бораи моҳияти Конвенсияи Орхус ва доираи фаъолияти Марказҳои Орхуси Тоҷикистон маълумоти мухтасар пешниҳод гардида, таваҷҷуҳи иштирокчиён ба рафти иҷрои бандҳои “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ҷалб карда шуд. Ба иштирокчиён ҳамзамон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъятии “Олима” халтаҳои пахтагин ва аз ҷониби Маркази Орхус варақаҳои иттилоотӣ дар мавзӯи “Зарари пластика ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ” тақсим гардид.
Сипас директори КВД ИИ “Табиат”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Каримов А.дар мавзӯи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист ва захираҳои об” андешаҳояшро баён намуд.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳои матраҳшуда фаъолон ва шӯрои занони ҷамоати деҳоти Роҳатӣ иброз доштанд, ки онҳо баҳри рафъи мушкилоти экологии маҳал ва иҷрои бандҳои “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” саҳм гузошта истодаанд ва минбаъд низ омода ҳастанд дар амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур ҳиссагузор бошанд.