| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯриҳо бахшида ба Рӯзи, байналмилалии замин дар ноҳияи Рӯдакӣ
    Ахбор

    Вохӯриҳо бахшида ба Рӯзи, байналмилалии замин дар ноҳияи Рӯдакӣ

    Рӯзи 21 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби масъулони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рӯдакӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир ба Рӯзи байналмилалии замин вохурӣ гузаронида шуд.

    Ҳамчунин, санаи 22 апрели соли ҷорӣ дар саҳни Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ аз тарафи мутахассисони шуъба назди донишҷӯён оид ба моҳияти Рӯзи байналмилаии замин маърӯза хонда шуд.

    Рӯзи байналмилалии замин ба хотири ҳифзу нигоҳдошт ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ҳамасола санаи 22 апрел бо доир намудани чорабиниҳои гуногун дар кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад.

      


    Бозгашт