| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯрӣ бо коршиносони Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО)
    Ахбор

    Вохӯрӣ бо коршиносони Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО)

    22 декабри соли 2021 вохӯрии муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир Мавлодод бо мушовири директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) вобаста ба масъалаҳои резерватҳои биосферӣ Ященко Роман Васильевич ва ноиби президенти барномаи “Инсон ва Биосфера”-и Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Ильина Виктория Олеговна оид ба ворид намудани мамнӯъгоҳи “Ромит” ба руйхати резерватҳои биосферӣ баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ муҳлати пешниҳод ба дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) тамоми ҳуҷҷатҳои лозима бо харитаҳои дар системаи ГИС (системаи ҷуғрофӣ-маълумотӣ) омодашуда ва ташкил намудани гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони пурмасъулияти соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

    Дар фарҷоми вохӯрӣ ноиби президенти барномаи “Инсон ва Биосфера”-и Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Ильина Виктория Олеговна иқтидори бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати дохил намудан ба руйхати резерватҳои биосферӣ қайд намуд.

     


    Бозгашт