| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳри Истаравшан
    Ахбор

    Тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳри Истаравшан

    Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳри Истаравшан, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва баргузор гардид.

    Дар чорабинии умумишаҳрӣ зиёда аз 400 нафар намояндагони корхона ва ташкилот, аз ҷумла соҳибкорон ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот иштирок намуда, як қатор корҳои ободониро ба сомон расониданд. Ҷӯйбори обгузари ду канори хиёбонҳои шаҳр ба масоҳати 12 км, ҳамзамон атрофи назди биноҳои маъмурӣ ва корхонаю ташкилот аз алафи хушки бегона тоза карда шудааст.

    Аксарият ҷамоати шаҳраку деҳот амалӣ гардидани чунин чорабиниро дастгирӣ намуда, мавзеъҳои қадди роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ низ аз партовҳо ва алафи бегонаи хушк ва 5 км Катасой аз партовҳои ҳархелаи истеъмолӣ тоза гардид. Ҳамзамон, корҳои сафед намудани зиёда аз 200 пояҳои дарахтон ва шинонидани 250 бех ниҳоли дарахти санавбар ба иҷро расидааст.

    Дар доираи аксияи мазкур 18 т партов ба партовгоҳи КДФ «Ҳоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Истаравшан бароварда шудааст.

     


    Бозгашт