| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Тоза намудани каналҳо дар ҳудуди пойтахт
    Ахбор

    Тоза намудани каналҳо дар ҳудуди пойтахт

    Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо, соҳили дарёву ҷуйборҳо ва ҷиҳати иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе корҳои тозакунии дохили каналу селпартоҳои ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ҷараён дорад.

    Бо мақсади тоза нигоҳ доштани дохили каналу селпартоҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар каналҳои Ҳазора, Говкуш, Алачабоф, Шоҳмансур, Чоряккорон, Қазоқон, Чортут ва селпартоҳои  Каленин, Свириденко, Коргар, Карамов, Зарафшон корҳои тозакунӣ идома ёфта, ба миқдори 852 м3 партовҳо бароварда шуданд.

    Бояд қайд намуд, ки каналҳои мавҷуда барои обёрии гулу сабза, дарахтони гулгашту хиёбонҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидаанд.

    Бояд қайд намуд ки дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 24 маротиба аксияи “Тозагии соҳил” дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт доир гашта, дар баробари иштироки фаъолонаи аҳли ҷамоатчигӣ ҳамчунин мутасаддиёни Муассисаи давлатии “Раёсати обёрӣ”-и шаҳри Душанбе пайваста дар аксияҳо ширкат варзида тавассути техника тозагии каналу селпартоҳоро таъмин менамоянд.

    Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо мақсади амалишавии фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани аксияи “Тозагии соҳил-2021” ва иҷрои нақша-чорабиниҳои тасдиқкардаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе назорати давлатиро дар ин самт пурзӯр намуда истода, дар суҳбату вохӯриҳо бо сокинон таъкид карда мешавад, ки дар ободонию тозагӣ, ва сарсабзии муҳити зист фаъолона ширкат варзида, барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани ҳолати экологии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе саҳми худро гузоранд. 



    Бозгашт