| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Тоза намудани дарахтону буттаҳо аз барф
    Ахбор

    Тоза намудани дарахтону буттаҳо аз барф                                             

    IMG-20230111-WA0058.jpg

    Бо дастури роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомотҳои ҳифзи муҳити зисти кишвар аз ҷумла, шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки дар мавсими сардиҳо навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда, ҳангоми боришоти зиёди барф дарахтонро сабук намуда, аз шикастан ва осеб дидани ниҳолу дарахтони махсусан ороиширо пешгирӣ намоянд.

    Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷиҳати амалишавии дастуру супоришҳои роҳбарияти  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансурро зери назорат қарор дода, кормандони шуъбаҳои болозикрро муаззаф намуд, ки  дар боришоти рӯзҳои охир ҳолати дарахту буттаҳои ҳудуди ноҳияҳоро зери назорат гирифта, дар пешгирии шикастан ва осеб дидани дарахту буттаҳо тадбирандешӣ намуда, сари вақт дарахтонро аз сарбории барф сабук намоянд.

    Гузашта аз ин, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе сохторҳои коммуналӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, донишгоҳҳо, литсей ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахтро вазифадор намуд, ки аз чунин тадбир кор бигиранд.

    Хушбахтона, дар рӯзҳои боришоти барф дар тамоми кӯчаву хиёбон, шаҳраку маҳаллаҳо, корхонаҳо кормандони сохторҳои мухталиф ҷиҳати ҳифзи муҳити зист дарахтонро ба таври оҷилӣ аз барф тоза намуданд.   

    Бозгашт