| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Татбиқи лоиҳаи «Ҳифзи туғай дар ва намудҳои ҳайвоноти зери маҳвшавӣ қарордошта дар минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик»
    Ахбор

    Татбиқи лоиҳаи «Ҳифзи туғай дар ва намудҳои ҳайвоноти зери маҳвшавӣ қарордошта дар минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик»                                                                                     


    Дар толори тарабхонаи «Олимиён»-и шаҳри Конибодом вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати муайян намудани мақоми ҷангалзори туғай бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр, намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, мудир ва сармутахассиси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳр, раис ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», коршинос – эколог ва намояндаи васоити ахбори омма баргузор гардид.

    Вохӯрии мазкур барои пешниҳод намудани таклифҳо, ки ҳангоми таҳияи «Нақшаи рушди ҷангалзори туғай дар минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик» ба инобат гирифта мешаванд, бахшида шуд.

    Тибқи барнома дар рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар бораи мақсади таъсиси гурӯҳи корӣ, раиси Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳри Конибодом шиносоӣ бо ҳолати имрӯзаи ҷангалзори туғай ва фаъолияти худи ҷамъият, дар бораи лоиҳаи татбиқ гардидаистода раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», аз ҷониби коршинос ва мутахассис – эколог оид ба ҳолати минтақа, нақши он дар вазъи иҷтимоӣ - иқтисодии аҳолии минтақа, муҳимияти нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва муаммоҳои ҷойдошта баромаду рӯнамоҳо пешниҳод гардид.

    Ҳамчунин, дар қисмати нақши тарафҳо дар ҳифз ва нигоҳ доштани ҷангалзори туғай ҷиҳати фаъолияти назорати давлатӣ дар ҳифзи минтақа, аз ҷумла ҷангалзори туғай намояндаи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом ва нақши қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи минтақаҳои сарҳадии ҷангалзори туқай намояндаи қисми ҳарбии сарҳадӣ баромад намуданд.

    Дар интиҳо саволу ҷавоб ва муҳокимаи масъалаи асосӣ, ҳамчунин пешниҳоду таклифҳо ба амал омад.


    Бозгашт