| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Татбиқи Барномаи маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиёни семинари омӯзишӣ дар минтақаи Ғарм
    Ахбор

    Татбиқи Барномаи маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиёни семинари омӯзишӣ дар минтақаи Ғарм

    Рӯзҳои 19-20 октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Ғарм бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо иштироки мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, намояндаи Дафтари Барномаҳои САҲА ва Маркази Орхус семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.

    Пас аз кушодашавии семинари мазкур коршиносон дар мавзуҳои “Моҳияти “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” барои ҳалли масъалаҳои экологӣ”, “Мақсад ва вазифаҳои Барнома”, “Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон оид ба маърифати экологӣ” ба таври рӯнамо баромад карданд.

    Пас аз шунидани маърӯзаҳо миёни иштирокчиёни семинар барои иҷрои бандҳои барнома табодули афкор ба вуҷуд омад. Бо мақсади дарки бештари мавзӯъ миёни иштирокчиёни семинар бозии гурӯҳӣ ташкил гардид. Дар рӯзи дуюми семинар намояндагон аз раёсати маориф, Маркази Орхус, омӯзгорони донишкардаҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия назари худро вобаста ба паҳлуҳои гуногуни Барномаи мазкур иброз намуданд.

    Иштирокдорон бар он назар буданд, ки бандҳои Барнома танҳо дар сурати ҳамкории зичи ташкилоту идораҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва дар маҷмуъ ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амал татбиқ хоҳад гашт.

        

    Бозгашт