| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ташвиқи Паём дар муассисаи таълимии  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
    Ахбор

    Ташвиқи Паём дар муассисаи таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

    Тибқи нақшаи корӣ бо мақсади шарҳи мазмуни Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо омӯзгорон вохӯрӣ гузаронида шуд. Мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия зимни вохӯрӣ оид ба нуктаҳои Паём, аз ҷумла масъалаҳои экологӣ ва тағйирёбии иқлим, дар руҳияи ватандустӣ тарбия намудани насли наврас  суханронӣ намуд.

    Ҳамчунин, доир ба қабул гардидани «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», татбиқи Нақша чорабиниҳои он, ки барои ҳидоят намудани мактаббачагон ба дӯст доштани табиати кишварамон мусоидат менамояд, маълумот дода шуд.

     
    Бозгашт