| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ташкили намоишгоҳи   Кумита дар Иди харбузаву тарбуз дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе
    Ахбор

    Ташкили намоишгоҳи   Кумита дар Иди харбузаву тарбуз дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе

    Санаи 5 сентябри соли равон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Иди харбузаву тарбуз баргузор гардид. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои худ, аз ҷумла Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, Агентии обуҳавошиносӣ, МД гуногунии  биологӣ ҲТММ  бо  ташкили намошгоҳ иштирок намуданд.

    Дар Иди мазкур ҳамчунин Вазорати кишоварзӣ намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

    Намоишгоҳи мазкурро сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз таҷлили Иди харбуза ва тарбуз, пеш аз ҳама,  таъмин намудани  сокинон ва меҳмонони пойтахт  бо маҳсулоти ватанӣ, тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур, каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст.

    Дар намоиш-фурӯши мазкур кишоварзони вилояти Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Ҳисору  Турсунзода  навъҳои гуногуни каду, ангур, харбузаю тарбуз ва  маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишварро  ба намоишу фурӯш гузоштанд.

    Дар ин намоиш Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шуд.

    Бозгашт